ЧеҳраҳоҶомеа

МУҲТАРАМ ГЕНЕРАЛҲО, АФСАРОН ВА ХИЗМАТЧИЁНИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбӣ — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ тоҷик табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳо орзу менамоям. Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. ИД МУБОРАК ҲОМИЁНИ АЗИЗ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button