ВидеоХабарҳо

ЧИРИКИҲО ДАР ПАНҶШЕР ЯК ТАНКИ ТОЛИБОНРО АЗ БАЙН БУРДАНД (ВИДЕО)

Хабаргузории афғонистонии “Омоҷ Нюз” (Aamaj News) бо нашри як видео хабар дод, ки нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшер як танки Толибонро аз байн бурдаанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки ин мошини зиреҳпӯш дар натиҷаи ҳамлаи чирикӣ аз байн бурда шуд.Дар видеое, ки нашр шудааст, дида мешавад, ки як тонк дар даруни дарае чаппа шудааст. Наворгиранда мегӯяд, ҷангҷӯёни Толибон дар натиҷаи ин ҳамла талафоти сангин диданд.Ҷониби Толибон то кунун ин хабар ва аз байни бурда шудани як танку талафот дидани нирӯҳояшонро дар Панҷшер тасдиқ ё рад накардаанд.Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки чанд ҳафта боз дар бораи задухӯрдҳо байни нирӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшеру ва атрофи он тақрибан ҳеҷ хабари наве ба даст намерасид.Вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон пойгоҳи асосии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад. Аксари аҳолии ин минтақа ва ҳамин тавр, меҳвари нирӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button