ТОҶИКИСТОН

НИСБАТИ МАРДОН ЗӮРОВАРӢ НАКУНЕМ!

НИСБАТИ МАРДОН ЗӮРОВАРӢ НАКУНЕМ!

ДАР 9 МОҲИ СОЛИ РАВОН 465929 ҲОЛАТИ БАСТА ШУДАНИ АҚДИ НИКОҲ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДА АСТ. МУТААССИФОНА, ШУМОРАИ БЕКОР ШУДАНИ АҚДИ НИКОҲ ДАР ИН МУДДАТ 9989 ҲОЛАТРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД, КИ АЗ ИН 7465 ҲОЛАТАШ БО ҚАРОРИ СУД АНҶОМ ДОДА ШУДААСТ. АЗ ИН ШУМОРА АКСАРИЯТ ОИЛАҲОИ НАВБУНЁДАНД. АЛБАТТА, ИН АДАД БАРОИ АҲОЛИИ ТАҚРИБАН 10 МИЛЛИОНАИ МО АНДАК НЕСТ.

Омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар кишвари мо гуногунанд. Яке сабабро дар паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани зӯроварӣ дар оила ё омода набудани ҷавонон медонад, дигаре дар мувофиқ наомадани ситораи навхонадорон ба ҳамдигар ё мудохилаи шахсони сеюму чорум ба зиндагии ҷавонон. Албатта фарзияҳо гуногунанд, аммо сабаби асосӣ дар номустақилии ҷавонон аст, омилҳои боқимонда бошад, натиҷаи он.Дар номустақил ба воя расидани фарзандон бошад, волидайнро гунаҳкор кардан наметавонем, чун эшон ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи фарзандони худ нияти нек доранд, вале дар бештари маврид аз муҳаббати зиёд амалашон хато сурат мегирад.Далели рӯшан аст. Имрӯз ҳамсаре, ки моро мебояд як умр бо ӯ зиндагӣ кунем, волидайн интихоб мекунанд. Дар интихоби касбу кор низ ҳамингуна аст.Дар куҷо зистану чӣ тавр зиндагонӣ карданро низ онҳо бароямон муқаррар мекунанд. Дар кадом синну сол қарор нагирем, падару модарамон ҳамоно бо мо чун бо кӯдак муносибат мекунанд, ки ҳамаи ин масъулияти мустақил шудани моро аз байн мебаранд.Масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон мавзӯи нав нест, аммо омилҳо сол ба сол шакл иваз карда истодаанд. Яке аз сабабҳо зӯроварии хонаводагӣ аст, ки солҳои қаблӣ дар шакли зӯроварии ҷисмонӣ сурат мегирифт, ҳоло бошад, дар намуди равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ бештар зоҳир мешаванд. Кунун на танҳо шакл, балки объекту субъекти хушунати хонаводагӣ низ тағйир ёфтааст.Ин мушкилот аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур намонду ҷиҳати аз байн бурдани он чораҳо андешида шуданд. Ҳамин тавр, 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 қабул гардиданд.Қонуни мазкур аз 4 бобу 26 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.“Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ, ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.”Баъд аз қабулу татбиқи қонуни мазкур ва дигар барномаву стратегияҳо, сатҳи вуқуи зӯроварии хонаводагӣ то дараҷае кам шуд, вале ҳар ҷое, ки инсон аст, нофаҳмиҳову низоъ ва хушунат ҳаст. Лозим аст, то аз ҳадду ҳудуд нагузарему сарҳадҳо убур нашаванд.Пештар агар бо ба забон овардани калимаи “хушунат” занону духтарон пеши назар намудор мешуданд, имрӯз кам нестанд мардҳое, ки ба навъҳои гуногуни зӯроварии хонаводагӣ гирифторанд.Албатта занони Шарқ, махсусан бонуи тоҷик фарҳангу маърифати кофӣ дораду ҳеҷ гоҳ зӯроварии ҷисмониро нисбати мард аз лавҳи хотираш ҳам намегузаронад. Аммо мо занон баъзан дарк намекунем, ки чи қадар нисбати мардони хонадонамон зӯроварии равонӣ мекунем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки зӯроварии ҷисмонӣ нисбати занон, натиҷаи хушунати равонии ба мардон мерасонидаи худи бонувон аст. Яъне зӯроварии ҷисмонӣ танҳо амали ҷавобӣ аст.Агар як бор фикр кунем, дар асл мо — инсонҳо ягон мушкилоти ҷиддӣ надорем. Он маҷмӯи масъалаҳое, ки сари ҳар вақт бо он рӯ ба рӯ мешавем, ояндаву раванда ва хеле ночизанд. Мушкилоти воқеӣ — бемории саратон ва дигар иллатҳои ҷисмонии табобатнашаванда, норасоии оби нӯшокӣ, ҳаво ё маводи хӯрока аст, ки аз онҳо дар амонем.Мо “аз бекорӣ кадукорӣ” -ро хеле дӯст медорем ва ҳамин ки бе шуғл мондем, ба торҳои нозуки асаби ҳамдигар таъсир кардан мегирем.Асри XXI асри эҳсос аст. Бо эҳсоси ҳамдигар бозӣ накунем, то аз оқибатҳои нохуби рафтори якдигар дар амон бошем.Нилуфар КАРИМЗОДА,мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия

https://www.facebook.com/groups/1469126009893987/?multi_permalinks=2227726434033937&hoisted_section_header_type=recently_seen&cft[0]=AZVFIRUz3htXw2c_buzNMMJarA4kQFqFZuV1UeP-XzPp3i2SFg3O82wwix05g1IkHWti62JEO2l5XVkgIc_Bwp_IdAUz-fNZ5bm-D6nMJzVBcx3tITQZSh2fLcTruQTQ6DPsks0ibAvLwC61yZ8WLVsje1nDjYdbdkgKA3FFmVK7ieFlxs49rxmVdwIaH9sltCA&tn=%2CO%2CP-R

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button