МУҲОҶИРОН

ВИДЕО: ТОҶИКҲО ДАР АСТРАХАН ЯК УЗВИ ДАСТАИ ШОМИЛ БАСАЕВРО ДАСТГИР КАРДАНД

Сомонаи маҳаллии «Астраханские новости» тафсилоти боздошти Магомед Алханов, як узви дастаи фармондеҳи ҷудоиталабон чечен Шомил Басаевро нашр кард. Бино ба иттилои нашрия, Алханов баъди як ҳафтаи фирораш аз бемористони бемориҳои рӯҳӣ шоми 2 ноябр дар як чойхонаи тоҷикӣ дар ҳудуди ноҳияи Трусов, дар қисмати соҳили рости Астрахан аз ҷониби кормандони ин чойхона – зодагони Тоҷикистон дастгир гардида ва ба кормандони пулис ва ФСБ супурда шудааст. “Астраханские новости” лаҳзаи боздошти Магомед Алхановро дар чойхонаи тоҷикӣ чунин тасвир кардааст: “Алханов бегоҳ ба чойхона даромад, аввал дастшӯӣ рафтааст ва сипас кока-кола ва пончик фармоиш дода, дар як миз нишаст. Корманди чойхона ин муштариро шинохт, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад ва оҳиста берун баромада, ба падараш занг зад. Падари ӯ хеле зуд ҳамроҳи посбони як ширкати нақлиётӣ, ки иттифоқан он лаҳза ҳамроҳ будаанд, хеле зуд расида омад. Алханов чизеро пай бурд, ки хост фирор кунад, вале муваффақ нашуд. Кормандони чойхона дасту пои ӯро баста, ба пулис занг заданд. То омадани кормандони пулис Алханов хеле кӯшиш кард, ки дар ивази пул ҷонашро халос кунад, вале боз ҳам бенатиҷа.”Пулис низ тасдиқ кардааст, ки Алханов дар як чойхона дар ноҳияи Трусов бо шарофати ҳушёриву зиракии шаҳрвандон дастгир шудааст.Мақомот барои кумак барои боздошти Магомед Алханов 100 ҳазор рубл ҷоиза муқаррар карда буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҷоиза ба муҳоҷирони тоҷик дода хоҳад шуд ё на?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button