АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Аҳмади Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард

Аҳмад Масъуд бо паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо Амир Исмоилхон рафтаастДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон дидору мулоқот кардааст.Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар такя ба манбааш дар Машҳад хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дидори Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар Машҳад доир шудааст.Ин манбаъ афзудааст, ки Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми даъвати Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир оварда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button