Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

«Спитаменбонк» оташ гирифтааст

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ аз сӯхтор дар бинои намояндагии “Спитаменбонк” дар ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Ба гуфтаи шоҳидон сӯхтор соати 23-и шаби 4-уми октябр рух додааст. Ин бонк дар маркази ноҳия қарор дорад ва ба гуфтаи корбарон оташ дар ошёнаҳои болоии бино аланга гирифтааст.

Аммо як корманди “Спитаменбонк” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бонк дар якум ошёнаи ин бино қарор дорад ва оташсӯзӣ дар боми бино рух додааст. Ба гуфтаи вай, бар асари ин сӯхтор симҳои интернети бонк хароб ва кори онҳо ҳам муваққатан қатъ шудааст.

Дар Ҳукумати ноҳияи Ёвон гуфтанд, сӯхтор чанд соат идома кардааст ва ҳоло сабабҳои он таҳқиқ мешавад. Мақомот дар бораи зарари ин оташсӯзӣ чизе нагуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button