АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Дар ҳамлаи рузи сешанбе дар Кобул як фармондеҳи баландпояи Толибон кушта шудааст

Тибқи гузоришҳо, дар ҳамлаи рузи сешанбе ба бемористони Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул, як фармондеҳи баландпояи Толибон кушта шудааст.

Хабаргузории «Франс-пресс» ин фардро Ҳамдуллоҳ Мухлис, фармондеҳи қитъаи хоси Толибон маъруф ба «Бадрӣ» ва узви Шабакаи Ҳаққонӣ, муаррифӣ кардааст. Аммо Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гузоришҳоро таъйид карда наметавонад.

Ҳамдуллоҳ Мухлис аз ҷумлаи аввалин афроди гурӯҳи Толибон буд, ки рузи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, вориди Қасри раёсати ҷумҳурии Афғонистон шуд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи «Давлати исломӣ» ё ДОИШ, масъулияти ҳамлаи рузи сешанбе дар Кобулро ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши расонаҳо, дар эъломияи нашршуда дар сафҳаи «Телеграмм»-и ин гурӯҳ омадааст, ки панҷ ҷангҷӯяш ин ҳамларо анҷом доданд.

Бар асоси ин эъломия, як ҳамлавари интиҳорӣ маводи тарканда дар баданашро дар дари вурудии бемористон тарконд ва ду ҷанҷӯи дигар вориди бемористон шуданд ва ба тирандозӣ пардохтанд. Бар асоси гузоришҳо, дар ҳамлаи рузи сешанбе ба камиаш 19 нафар кушта ва ҳудуди 50 каси дигар захмӣ шуданд.

Масъулини ҳукумати Толибон гуфтанд, ки ин бемористон як руз баъд аз ҳамла дигарбора ба фаъолият оғоз кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button