Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ БАДАХШОН

Рӯзи 1 ноябри соли 2021 дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар мавзеъи деҳаи Штапи ҷамоати деҳоти Мӯъминшоҳ Абдулвосиев (собиқ Шидз) -и ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як мошини тамғаи “Тойота”, ки мутааллиқ ба нерӯгоҳи Роғун будааст, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ сарозер гардидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ин садама ронанда бо 3 мусофираш ба ҳалокат расиданд. Ду нафар аз ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Роштқалъа ва як нафари дигар аз ноҳияи Ёвон будаанд.Роҳҳои Бадахшон ба далели релефи мураккаби кӯҳистони ин минтақа аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Ҳар сол дар Бадахшон даҳҳо садамаҳои марговар рӯй медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button