МАРДИ ЭРОНӢ ЗАНИ ТОҶИКАШРО БО ТАБАР ЗАДА, БА САРУ РӮЯШ КИСЛОТА ПОШИДААСТ (ВИДЕО)

Мақомоти милисаи вилояти Хатлон шаҳрванди 49-солаи Эрон Сайёд Ҳусейн Ризвониёнро бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштори ҳамсари собиқи 30-солааш Гулбаҳор Ашӯрова дастгир кардаанд.Бино ба фарзияи тафтишот, Ҳусейн Ризвониён ҳамсари собиқашро, ки зодаи Ҳисор буд, вале муваққатан дар Ёвон зиндагӣ дошт, таъқиб мекард ва шаби 16 ба 17 октябр дар назди манзили иҷораи Гулбаҳор Ашӯрова дар ноҳияи Ёвон камин гирифтааст. Вақте ки ҳамсари собиқаш ба хона бармегашт, Ризвониён аз камин берун ҷаҳида, ба сару рӯи зан кислота пошидааст ва ҳамчунин бо табар ӯро аз ноҳияи сар ва дигар аъзои баданаш захмӣ кардааст.Худи Сайёд Ҳусейн Ризвониён дар барномаи “Ахбори ВКД” ҷараёни ҳодисотро чунин нақл кард: “Ду моҳ бо ҳам зиндагӣ кардем. Баъд дугонабозӣ шурӯъ шуду гурехт аз ман, рафт. Рафту ҳар шаб бо Ватсапп бо ман суҳбат мекард. Хуҷандро гаштам, Қӯрғонтеппаро гаштам… Дугонае, ки бо худаш зиндагӣ мекард, маро занг заду гуфт, ки дар Ёвон аст. Соати ёздаҳуним омад, ҷангамон шурӯъ шуд, даъво шурӯъ шуд. Дигар ман аз милисаҳо тарсидаму гурехтаму омадам Душанбе, ки милисаҳо омада, маро гирифтанд…”