Нуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳ

АКМАЛ АСТАНАЕВ, ДАР ОХИР ФАҲМИД ХАТОГИҲОЯШРОВУ ТАРКИ ИН ГУРӮҲИ ФИТНАГАР “ГУРУҲИ 24” КАРД…

“Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ, эълон кард, ки рӯзи 30 октябр Акмал (Ҳукумат) Астанаев, яке аз ветеранҳои ин ҳаракат “бо хоҳиши худ аз узвият дар ин созмони сиёсӣ хориҷ шуд.” “Гуруҳи 24” бидуни овардани сабабҳои мушаххаси хуруҷи Астанаев ёдовар шудааст, ки бар асоси оинномаи гуруҳ, пайвастан ва хуруҷи ҳар нафар ба ё аз ин созмон ихтиёрист ва Астанаев низ аз ҳамин ҳаққи худ истифода бурдааст.

Як нафари бефарҳанг ва бетамизе, ки худро «мубориз» ва «адолатхоҳ» вонамуд мекунад ин ҳарзагӯи дигар Акмал Астанаев мебошад, ки барои тарғиби худ ва чеҳраи манфуаш саъй ва кӯшишҳо карда истодааст. Ин майзада бидуни шарм ва номус аз миллати тоҷик ин навори навбатӣ ва ё ба ном барномаашро «Бидуни парда»-ро нашр намуд. Ин бесаводон худро кадом як нобиғаҳое меҳисобанд, ки ҳар рӯз як ифротие ва иғвогаре барнома месозаду худро муҷрӣ ва муҳарриру муаллиф мегузорад. Ин чӣ шӯрест дар ин даври қамар мебинем. Ҳама ҳарзагӯён бесаводони иғвогарро барномасозу муҷриву рӯзноманигор мебинем. Ин тӯдаи ҳароне беш нестанд, ки дар гарданҳои худ тавқҳои «адолат» ва «мубориз»-ро овезон намуда, худро тарғибгарӣ мекунанд. Зеро дар ҷомеа мавқеъи шахсиятро касб накардаанд. Ягона роҳи худмуаррифии ин авбошон ва мавқеъ пайдо кардан ин аз роҳи иғвогариву халалдор кардани тинҷуву оромии Тоҷикистон барояшон мондааст. Бубинед хонандаи азиз, ки хоинони халқу миллат худро «ходими халқ» меноманду порталу каналҳои иғвогаронаи худро бо чунин номҳои фиребона номгузорӣ мекунанд. Дар сафсатаҳои худ мардуми тоҷикро аз ҳайвон бадтар намоиш медиҳанд, ки аз дурӯғ ва найрангҳои муқоисаҳои ин алкаши иғвогар холӣ нест. Аз нолаву гиряи ин иғвогар бармеояд, ки аслан ноком мебошад. Лоф мезанад, ки мардум ба як нафари пухту паз мекарда бештар «лайк» мегузоранд. Албатта, зеро аз он наворҳои пухтупаз тамошобин фоида ва манфиате мегирад. Аммо аз ин ҳарзагӯӣ ва иғвогариҳои туи алкаши иғвогар мардум ва тамошобинон чӣ фоида ва манфиате ба даст меоваранд?! Ягон чи! Аз иғвогариву дурӯғгӯиҳои Акмал танҳо як гурӯҳаки бангзадаву майзадаи иғвогарони ҳаракати ҷиноии авбошонаи «Гурӯҳи 24» кайф карда, онро тамошо мекунанд. Аммо мардуми бо ақл ва бедор аз чеҳраҳои касифи ин майзадаҳои бесавод безор аст. Тӯҳматҳои сохтаву бофтаи ин иғвогар нисбат ба аҳлу оилаи роҳбарияти олии кишвар танҳо барои бедор намудани бадбинӣ ва барангехтани кинаву адоват дар байни мардум нисбат ба намояндагони ҳукумату давлат мебошад. Ҳадафи ин гурӯҳ тафриқаву ҷудоӣ андохтан дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Худро ғамхори насли ояндаи тоҷик намоиш додани ин ҳарзагӯй хандаовар аст. Зеро имрӯз бо ватанфурӯшиву хиёнат ба миллату давлати худ дар мақарри хоҷааш ҷой ёфта, миллати тоҷикро аз ҳайвонҳои хоҷааш бадтар меҳисобад. Аз баҳри кайфу сафои ин дунё аз баҳри миллату Ватан ва дину оини худ рӯй тофта, ба фарҳанги хоҷааш часпидааст боз лоф мезанад, ки ояндаи наслашро фикр дорад. Чунин хоинону қаллобони мардумфиреб хело дар шабакаи интернетӣ зиёд аст, ки бовари дорем мо мардуми Тоҷикистон ин Акмали Астанаев ҳам аз ҳамон гурӯҳи қаллобон ва дурӯғгӯёни хоини миллату давлат аст. Абдулло Ашӯров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button