ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

Ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон 4-уми ноябр бозбинӣ мекунанд

Ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон 4-уми ноябр бозбинӣ мекунанд

Шикояти пайвандони ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро дар Қирғизистон рӯзи 4-уми ноябри имсол баррасӣ хоҳанд кард.

Пештар эълон шуда буд, ки додгоҳи таҷдиди назар рӯзи 19-уми октябр баргузор мешавад, вале сурат нагирифт.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон моҳи сентябри имсол Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро дар пайванд ба муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар муноқишаи моҳи апрел аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд.

Шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир аст.

Мақомоти Қирғизистон се шаҳрванди тоҷики Қирғизистонро низ дар пайванд ба задухӯрди мусаллаҳона ба муҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button