ДАР МАСКАВ ДОДГОҲИ БЛОГЕРИ ТОҶИК РУСЛАН БОБИЕВ ШУРӮЪ МЕШАВАД (ВИДЕО)

)Рӯзи 28 октябр додраси ҳакамии додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав (мировой судья судебного участка Тверского района) ба баррасии парвандаи ҷиноятии блогери тоҷик Руслан Бобиев (ному насаби расмиаш: Муродҷонзода Руслани Талабҷон) ва шарики ӯ Анастасия Чистова оғоз мекунад. Онҳо барои нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон айбдор мешаванд.Бар асоси моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия ба Бобиев ва шарики ӯ барои таҳқири диндорон ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ва ҳатто то як сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Худи Руслан Бобиев баъди боздошташ дар чанд видео, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои таҳқиромез, аз ҷумла дар даруни бордони мошин сабт ва паҳн карданд, барои ҳам барои аксгирӣ дар назди калисо ва ҳам барои ба он духтар пӯшондани либоси пулис узр пурсид ва илтиҷо кард, ки ӯро ба Тоҷикистон депортатсия кунанд. “Дигар ҳеҷ гоҳ даст ба чунин кор намезанам”, — қасам хӯрда буд ӯ дар рафти сабт.