ТОҶИКИСТОН

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 2 БАРОДАР АЗ КӮЛОБ, ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон аз як садамаи мудҳиш дар роҳи Бохтар-Данғара хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи 25 октябр, соати 13:46 дар километри 44-уми ин роҳ рух додааст.Бино ба ин гузориш, мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки аз ҷониби Маҳмадшариф Исмоилов, як сокини 31-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб идора мешуд, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”-и Рустам Раҷабови 27-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳори ноҳияи Кушониён бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Исмоилов Маҳмадшариф, бародари ӯ Ҷумъахон Исмоилов ва як мусофири дигари ин мошин, ки шахсияташ айни замон номаълум аст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон соати 13:59 ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади мусофири автомашинаи “Мерседес-бенс”, шаҳрванд Нуралиев Саъдуллоро, ки ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд, аз дохили автомашина бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button