Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО 80 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДУБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Раисиҷумҳури кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи навбатии президентӣ, ки 24 октябр доир шуд, 80,1% овозҳоро ба даст оварда, дубора президент интихоб шуд. Раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низамхоҷаев гуфт, интихобот дар шароити рақобати воқеии байни номзадҳо, дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои Ӯзбекистон гузашт. Ҷои дуюмро бо 6,6% муовини раиси ҳизби халқии демократӣ Мақсуда Ворисова ва ҷои сеюмро раҳбари ҳизби миллию демократии “Миллий тиқланиш” Алишер Қодиров соҳиб шуданд. Раҳбари ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов 4,1% ва раиси ҳизби сотсиал демократи “Адолат” Баҳром Абдуҳалимов 3,4% овоз гирифтанд.Худи Мирзиёев пирӯзиашро аломати пуштибонии аҳолӣ аз сиёсати ислоҳоташ номид. Ӯ, ки дар қасри яхи “Ҳумо” дар ҳузури 10 ҳазор аъзои ҳизби либерал демократ, ки номзадиашро ба президентӣ пешбарӣ карда буд, гуфт: «Ман орзу дорам, ки мо соҳиби чунин як давлате шавем, ки дар ҳаққи ҳар инсон ғамхорӣ кунад. Пуштибоние, ки шумо дар интихобот нишон додед, баёнгари он аст, ки шумо, мардуми маҳбуби ман, аз ислоҳоте, ки ман ба роҳ андохтам, пуштибонӣ мекунед.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button