ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

ГОЛИ ЯГОНАИ ВАҲДАТ ҲАНОНОВ ТОҶИКИСТОНРО БАР ЛУБНОН ПИРӮЗ ГАРДОНД

)Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври аввал бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 87-ум зад. Ваҳдат Ҳанонов беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд. Набарди Тоҷикистон бо Лубнон дар Варзишгоҳи марказӣ дар ҳузури 4200 тамошобин баргузор шуд.Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.28 октябр дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал бозӣ мекунад. Ин бозӣ низ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button