МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН АЗ ТОҶИКИСТОН БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БО СОКИНИ ЯМАЛ НИКОҲ КАРДААСТ

Муҳоҷирони тоҷик, чӣ марду чӣ зан, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия чӣ корҳое намекунанд! Як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон барои шаҳрвандӣ моҳи июни соли ҷорӣ ба таври қалбакӣ бо як марди сокини ноҳияи Тазовский дар ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс дар Шимоли дури Русия издивоҷ кардааст. Барои онки тасаввур кунед, ки ин куҷост, бояд гуфт, ки Тазовский дар масофаи қариб 4300 км аз Душанбе ва 3300 км аз Маскаву 2 ҳазор км аз Екатеринбург ҷойгир шудааст. Наздиктарин шаҳре, ки аз онҷо ба Тоҷикистон метавон парвоз кард, Сургут аст, ки он ҳам аз Тазовский дар масофаи 905 км ҷойгир шудааст!Вале прокуратураи ноҳияи Тазовский тавонист ҳамагӣ баъди 4 моҳ ақди никоҳи ин зан аз Тоҷикистонро бо сокини ин ноҳия бекор кунад, — хабар дод рӯзи 25 октябр хадамоти матбуоти прокуратураи ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс. “Муайян карда шуд, ки моҳи июни соли 2021 зани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як шаҳрванди Русия пешниҳод кардааст, ки барои осонтар шудани дарёфти шаҳрвандии Русия бо ӯ никоҳи қалбакӣ кунад. Мард ба ин гуна издивоҷ розӣ шудааст. Вале онҳо ҳамроҳ зиндашӣ надоштанд, хоҷагии муштарак надоштанд ва қасди бунёди оиларо ҳам надоштанд. Дар ин робита, додситонии ноҳия ба додгоҳ даъво бурд, ки никоҳи байни ин шаҳрвандон бекор карда шавад”, — гуфта мешавад дар иттилоия. Додгоҳ талаби додситониро қонеъ гардонда, никоҳи сокини Тазовский бо шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button