АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ЭЪТИРОФИ ТАЪРИХИИ ПУТИН: ТО 47% АҲОЛИИ АФҒОНИСТОН ТОҶИКАНД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 октябр дар маҳфили байналмилалии мубоҳисавии «Валдай» аз ҳаракати Толибон тавсиф кард, ки «кӯшиш дорад, то аз афроди тундрав халос шавад”. Путин аз ҷумла аз талоши Толибон барои фосила гирифтан аз ҷангҷӯёни ДОИШ, ки онҳоро ӯ ҳамсафони собиқи Толибон ном бурд, мисол овард.Путин ҳамчунин ҳаракати Толибонро ҳаракати мардуми пашту номид ва гуфт, онҳо бояд бо халқҳои дигари сокини Афғонистон забон биёбанд. “Барои мисол, онҳо бояд бо тоҷикҳо забон биёбанд, чунки тоҷикҳо, бино ба ҳисобҳои гуногун, аз 40 то 47 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Охир ин хеле зиёд аст! Дуруст аст? Онҷо боз ӯзбекҳо ҳастанд, ҳазораҳо ҳастанд… Бале, дар ҳукумати ташкилкардаи Толибон намояндагони халқҳои дигар ҳам ҳастанд, вале онҳо дар мақомҳои аввал нестанд. Вале ин мардум дар низоми идораи кишварашон мақомҳои муҳим мехоҳанд”, — изҳор дошт Путин.Путин ба ин тартиб нахустин раҳбари Русия аст, ки дар сатҳи расмӣ эътироф кард, ки тоҷикони Афғонистон то 47 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button