ТОҶИКИСТОН

ҲУШДОР АЗ ҲАВОИ НОМУСОИДИ РӮЗҲИ 22 ВА 23 ОКТЯБР

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддам Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои беш аз 2000 метр барфи тар ва дар баъзе аз ин манотиқ барфи шадид меборад.Дар роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ эҳтимолан ҳавои тира ба ҳаракати мошинҳо халал эҷод мекунад. КҲФ хотиррасон мекунад, ки рӯзҳои 22-23 октябри соли 2021 ҳарорати ҳаво аз 7 то 12 дараҷа коҳиш меёбад. 22 октябр дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шамоли сахт дар назар аст. Бод ба шиддати 17-22 метр дар як сония мевазад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар хокбориш низ дар назар дошта шудааст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 23-24 дар баъзе ҷойҳо теман мефарояд. Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати тирамоҳӣ эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Ёхсу, Қизилсу (поён) вуҷуд дорад, дар роҳҳои кӯҳи кишвар , бахусус дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Рашт -Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Кӯлоб – Шоҳин- Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим эҳтимоли резиши санг басо зиёд аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button