ИқтисодТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир

Дар Ишкошим як даррандаи гурусна беш аз 40 сар чорвои хонагиро пора-пора кардаастДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паланги гуруснае чорвои сокинони маҳаллиро нобуд ва захмӣ кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.Ҳодиса 20 октябр, тахминан соати 04:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар деҳаи Зонг рух додааст. Ҳайвони ваҳшӣ ба чорвоёни як сокини маҳаллӣ, ки дар оғилаш буданд, ҳамла кардааст.

«Паланг 31 сар чорвои хурди шохдорро нобуд карда, ҳамчунин 8 гӯсфанду ду говро захмӣ кард», — омадааст дар гузориш.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button