Хабарҳои кӯтоҳ

КДАМ Тоҷикистон вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард

Дар пайи як нишасти хадамоти махсус дар Душанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи Афғонистонро вахим арзёбӣ кард

 Вазъият дар Афғонистон, ки дар қаламрави он ҳамлаҳои террористӣ идома доранд, мушкил боқӣ мемонад, хабар медиҳад РИА «Новости» бо такя ба маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ).Дар Душанбе нишасти хадамоти вижаи Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

«Намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қайд карданд, ки вазъ дар Афғонистон феълан мураккаб аст, чун то ҳол он ҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома доранд, ки боиси қурбониҳои зиёд мешаванд», — омадааст дар изҳорот.Ҳозирин дар мулоқот дар робита ба тамоюли ҷалби ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ изҳори назар карданд.Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти чунин созмонҳо ба мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон таҳдид мекунад.»Мо ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манофеи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муҳим ва зарур мешуморем. Барои ҳалли вазъ дар Афғонистон бояд аз платформаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки ширкаткунандагони вохӯрӣ аъзоҳои онҳо мебошанд, кор гирифта шавад», — гуфтанд дар нишаст.Илова бар ин онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват карданд, ки роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро таҳия кунанд, саъю кӯшишҳои ба роҳ мондани тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат, инчунин муборизаи муштаракро дастгирӣ намоянд.Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомёни Амрико аз Афғонистон, «Толибон»* қудрат дар кишварро ғасб карданд.Ҳамзамон ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо ният надоранд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.* — гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз дигар кишварҳои ҷаҳон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button