ТОҶИКИСТОНФарҳанг

Муъминов Ҳикмат Ҳалимович инҷаҳонро падруд гуфт

Имрӯз дар санаи 21.10.2021 академики АМИТ, собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Муъминов Ҳикмат Ҳалимович бинобар табобати бардавом дар шаҳри Маскав аз бемории саратон инҷаҳонро падруд гуфт. Раёсати АМИТ таҳти сарварии академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати даргузашти олими шинохтаи тоҷик сахт андуҳгин буда, ба хешу ақрабо, ба ҳамкасбу ҳампешаҳо ва шогирдони маҳрум ғамшарикии хешро изҳор мекунад. Гузашта аз ин, ба ворисони донишманд изҳори тасллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳон мебошад.Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ Муминов Ҳикмат Ҳалимович: физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ, наномаводҳо.Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро аз рӯи ихтисоси “физика” хатм намудааст (с. 1988), доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси “физика”).Муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот.Мукофотҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ); медали «20-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 г.).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button