СиёсатХабарҳои кӯтоҳ

Ҳукми лағвшудаи Отамбоев боз барқарор гардид

Ҳукми Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон, ки соле қабл бекор шуда буд, дубора барқарор гардид

 Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми собиқ президенти ин кишварро, ки қаблан лағв шуда буд, барқарор намуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар додааст. Собиқ раисҷумҳур боз маҳкумшуда ба 11 сол маҳсуб меёбад.Отамбоев дар ғайриқонунӣ аз маҳбас озод кардани Азиз Батукаев, яке аз роҳбарони олами ҷиноӣ дар соли 2013-ум гунаҳкор дониста мешавад.Ҳукми ӯ бо дархости Додситонии кулли Қирғизистон дубора барқарор гардид.»Додгоҳ розӣ шудааст, ки қаблан ҳукми Алмосбек Отамбоев беасос бекор карда шудааст», — изҳор доштааст вакили дифои собиқ раисҷумҳур.Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, додгоҳ ин парвандаро дигарбора баррасӣ хоҳад кард, аммо ин мурофиаи дигарбора танҳо барои расмиёт аст.Дар баробари фасодкорӣ, алайҳи Отамбоев чанд парвандаҳои ҷиноии дигар барои даст доштан дар бетартибиҳои оммавии соли 2019-ум дар Қирғизистон, ғайриқонунӣ ғун кардани сарват, ташкили ғасби ҳокимият ва қатли афсари воҳидҳои махсус аз тарафи ҷонибдоронаш боз шудаанд.Худи Отамбоев тамоми иттиҳомотро рад карда, изҳор медорад, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.

Sputnik.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button