МУҲОҶИРОНТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Парвозҳо аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор шуданд

Парвози миёни Сургути Русия ва Хуҷанди Тоҷикистон ҳафтае як маротиба сурат мегирадДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии «Utair» парвозҳои миёни Сургут ва Хуҷандро барқарор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ширкати мазкур.Ба иттилои манбаъ, парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд.Зимнан ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳо танҳо дар ҳамин моҳ ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд, аммо аз 5 ноябр боз як парвози дигар илова мешавад, ки он рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.Бояд гуфт, ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ байни бузургтарин фурудгоҳи ноҳияи Ханти-Мансийск ва Тоҷикистон то ҳол парвоз барқарор накардаанд.»Utair парвозҳоро ба Тоҷикистон аз Сургут аз сар гирифт. То охири моҳи октябр дар масири Сургут — Хуҷанд ҳафтае як маротиба парвоз сурат мегирад: аз Сургут рӯзи чоршанбе, соати 19:00, аз Хуҷанд рӯзи панҷшанбе, соати 00:10 дақиқа», — гуфта мешавад дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button