Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Раҳмутулло Гадоевро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раҳматулло Гадоев, ки бо гумони даст доштан дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола боздошт шуда буд, аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми абад гирифт.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари духтар Валиҷон Иноятов хабар дод.Додгоҳ Гадоевро ба ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 — куштор гунаҳкор донист.Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дода буд. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ ба иттиҳоми нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 — куштор боздошт шуд.Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.