АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ТОЛИБОН ЛАҲНИ ГУФТОРАШ НИСБАТ БА ТОҶИКИСТОНРО НАРМТАР КАРДААСТ (ВИДЕО)

Дар пайи ду моҳи таҳдидҳои паёпай ва намоиши зӯри бозу, тавре ба назар мерасад, ҳаракати тундрави Толибон лаҳни бархӯрдаш нисбат ба Тоҷикистонро нармтар мекунад ва ончиро, ки дар ин байн гузашт, акнун “як навъ сӯитафоҳум”, яъне меномад ва мегӯяд, ҳеҷ қасду нияти таҳдид ба Тоҷикистонро надорад ва баракс мехоҳад бо Душанбе равобити ҳасана ба роҳ бимонад.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги “Аморати исломӣ” ва сухангӯи асосии Толибон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизонии ATRnews аз корбурди ҳар навъ лаҳни шадид дар таърифи мавқеи ин ҳаракати тундрав ва “Аморати исломӣ” нисбат ба Тоҷикистон худдорӣ карда, гуфт, “Аморати исломӣ” ҷӯёи равобити ҳасана бо тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистон аст.”“Дар масъалаи Тоҷикистон, ба хаёли ман, шояд як сӯитафоҳум вуҷуд дошта бошад. Мо кадом таҳдиде ба Тоҷикистон надорем. Тоҷикистон як кишвари муҳим ва ҳамсояи мост. Мо бо ҳамсояҳои хуб равобити ҳасанаву комил мехоҳем. Умедворам, аз он тараф ҳам ҳамчунон бошад. Мо танишеро намехоҳем дар минтақа, на бо Тоҷикистон, на бо ҳеҷ кишвари дигар. Ва ташвиш ҳам дар ин маврид бояд пеши касе набошад”, таъкид кард Забеҳуллоҳ Муҳоҷид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button