ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа
Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи «Мерседес-Бенс» дар шаҳраки Ғарм

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳраки Ғарм духтари ҷавоне ҷон бохтДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тайи як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ як сокинии шаҳраки Ғарм даргузашт, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса нисфирӯзии 12-уми октябр, тахминан соати 14:20 рух додааст.Ронандаи худрави «Мерседес-Бенс», сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт будааст.Бино ба гузориши манбаъ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Навобод ба тарафи шаҳраки Ғарм, дар кӯчаи Э. Муҳиддини ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини шаҳраки Ғарм, духтари 27-соларо пахш намудааст.
«Дар натиҷа пиёдагард Э. С. Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», — омадааст дар хабар.