Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳоҶомеа

Дар ҷануби Қирғизистон 106 кас дар як тӯй заҳролуд шуданд

Беш аз 100 сокини ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон баъди истеъмоли ғизо дар як тӯй заҳролуд шудаанд.

Дар ин бора сардухтури Маркази бемориҳои сироятии ноҳия Асадулло Мурсалиев 13-уми октябр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бештари ин шаҳрвандон бо нишонаҳои шикамравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд ба беморхона интиқол ёфта буданд.

Ҳамаи беморон гуфтаанд, баъди истеъмоли гушти асп дар як тӯй дар деҳаи Бекобод заҳролуд шудаанд. Сабаби аслии заҳролудшавии сокинон тариқи озмоишгоҳ ҳанӯз муайян нашудааст.

Моҳи марти соли равон низ дар вилояти Ҷалолобод даҳҳо кас аз ғизо заҳролуд шуда буданд. Дар натиҷа чандин кас ҷон бохт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button