Номаҳо ба президент

Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса рафт

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар қораи Аврупо идома дорад

 Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми боздидаш аз Белгия ва мулоқоташ бо мақомдорони ин кишвар, шоми 12 октябр озими Фаронса шуданд.Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ аз Брюссел ба Фаронса рафт.Дар миёни мақомдороне, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ зикр гардидаанд.

Сафари Раҳмон ба Фаронса аз 12 то 14 октябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоои фаронсавияш Эммануэл Макрон масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистону амнияти минтақаро баррасӣ намояд.Зимни ин сафар дар Порис Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме» ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button