Хабарҳои кӯтоҳ

РАМАЗОН ҚОДИРОВ ДУХТАРИ 22-СОЛААШРО ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ЧЕЧЕНИСТОН ТАЪЙИН КАРД

Айшат (Оиша) Қодирова, духтари 22-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров вазири фарҳанги ин ҷумҳурии тобеи Русия таъйин шудааст. Духтари Қодиров, ки қаблан Кохи мӯди исломии “Фирдавс”-ро роҳбарӣ мекард, соли 2020 муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон таъйин шуда буд. Хабари вазири фарҳанг таъйин шудани Айшат Қодироваро раиси парлумони Чеченистон Муҳаммад Довудов дар Инстаграм нашр кард. Довудов Айшатро ҷияни худ ном бурда, навишт: “Ман боварӣ дорам, ки дар мақоми вазири фарҳанги ҷумҳурии Чеченистон Айшат Қодирова дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар даст ёфта, вазифаҳои дар пешаш гузошташударо бо муваффақият иҷро хоҳад кард”, — навиштааст раиси парлумони Чеченистон.Айшат нахустин нафар аз фарзандони Рамазон Қодиров аст, ки мансаби давлатӣ гирифт. Роҳбари Чеченистон, ба гуфтаи худаш, 14 фарзандро тарбия мекунад, ки бархеашро ба фарзандӣ гирифтааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button