ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

МАН ОМАДААМ, КИ ПУР КУНАМ ОЛАМРО! АСКАР ҲАКИМ БА СИННИ МУБОРАКИ 75 РАСИД

Ин даҳр тиҳӣ буд ба чандин миллярд,Ман омадаам, ки пур кунам оламро.Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филология ва раҳбари собиқи Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ба синни мубораки 75 расид. Аскар Ҳаким 10 октябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳоло: Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Аз соли 1974 узви ИН СССР, аз соли 1992 узви ИН Тоҷикистон.Осори адабиётшиносии Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ашъори дар солҳои гуногун офаридааш дар авроқи кутуби «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғ. нашр гардидаанд. Ашъораш, ба русӣ ва чанд забони дигар низ тарҷума шудаанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button