АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳо

ИМА аз нахустин музокирот бо «Толибон»* дар Қатар хушҳол аст

Департаменти давлатии ИМА муколама бо Толибонро дар Доҳа ошкоро ва касбӣ меҳисобадДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокироти дурӯза бо намояндагони «Толибон»* дар Қатарро мусбат арзёбӣ мекунад.Сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс пас аз мулоқот бо «Толибон»* аллакай дар ин бора як изҳороти хаттӣ додааст.

«Муҳокимаҳо ошкоро ва касбӣ буданд ва ҳайати ИМА бори дигар тасдиқ кард, ки *Толибон»* на танҳо бо суханонашон, балки бо амалҳояшон баҳо дода мешаванд», — гуфта мешавад дар паём.Прайс қайд кард, ки ҷониби Амрико ба мавзӯи амният ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқи инсон, инчунин хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ ва хориҷӣ ва афғонҳое, ки ба онҳо аз кишвар кумак кардаанд, дахл кардааст.Бояд қайд кард, ки мубоҳисаҳои дурӯза, ки рӯзҳои 9-10 октябр бо иштироки ҳайатҳои ИМА ва «Толибон»* дар Қатар баргузор шуданд, аввалин тамосҳои сатҳи баланд пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон ва хуруҷи амрикоиҳо шуданд.Маълум аст, ки толибҳо ҳам ин мулоқотро босамар ва муваффақ номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ин тамосҳо ба эътирофи ҳаракат аз ҷониби ИМА мусоидат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button