МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ПАНОҲҶӮЁНИ ТОҶИКУ АРМАНӢ ДАР МАРЗИ УКРАИНА БО ВЕНГРИЯ

Хадамоти давлатии марзбонии Украина хабар дод, ки марзбонҳои воҳиди “Вилок” соати ҳафти субҳи 9 октябр дар соҳили дарёи Тиса дар марзи вилояти Закарпатйе бо Венгрия (Маҷористон) як шарванди Тоҷиктстонро дастгир кардаанд. Ду нафари дигар, ки дар наздикӣ қарор доштанд, рӯ ба фирор овардаанд. Марзбонҳо ба таъқиби онҳо пардохта, баъди чанд дақиқа як шаҳрванди Арманистонро дастгир кардаанд.»Ӯ ҳамагӣ чанд метр дуртар рафта, боз ба соҳили дарё фаромада буд, то ки ба он тараф гузарад. Маълум шуд, ки онҳо чанд рӯз пеш ба Украина омадаанд. Нафари сеюме, марзбонҳо мушоҳида карданд, роҳбалади онҳо будааст. Ӯ “муштариёнашро” партофта, баробари дидани марзбонҳо фирор кардааст «, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button