АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДАҲҲО НАФАР БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСҶИДИ ШИЪАҲО ДАР КУНДУЗ

Матуллоҳ Рӯҳонӣ, намояндаи Толибон дар Кундуз хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 8 октябр бар асари ҳамлаи маргталабона дар масҷиди шиъаҳо дар ин вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарз дастикам 46 нафар кушта ва беш аз 140 тани дигар захмӣ шудаанд. Террорист худро вақте тарконд, ки издиҳоми бузурге барои адои намози ҷумъа дар масҷид ҷамъ шуда буд. Сайид Аҳмадшоҳ Ҳошимӣ, яке аз роҳбарони ҳазораҳои Кундуз гуфт, ин ҳамла беш аз 70 кушта ба ҷо гузошт.Масъулияти ҳамлаи маргталабона ба масҷиди Кундузро гуруҳи ифротии “Давлати исломӣ – Хуросон” ба уҳда гирифт. Ин дуюмин ҳамлаи ДОИШ ба масҷидҳо дар ҳафтаи ҷорист. Чанд рӯз пеш дар ҳамла ба масҷиди Идгоҳ дар Кобул 5 нафар кушта шуданд. Ҳамла вақте сурат гирифт, ки намози ҷанозаи модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибонро мехонданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамлаи Кундузро маҳкум кард ва гуфт, он бепосух нахоҳад монд.Ҳамлаи Кундуз хунинтарин ҳамлаи ДОИШ аз замони ҳамлаи рӯзи 26 августи ҷангҷӯёни он дар фурудгоҳи Кобул аст, ки 170 тан аз мардуми мулкӣ ва 13 низомии Амрикоро кушта ба ҷо гузошт.ДОИШ иддао кардааст, ки маргталабе, ки масҷиди шиъаҳоро дар Кундуз тарконд, уйғур буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button