Хабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ: САЙФУЛЛОЗОДАРО ДАР ЗИНДОН ЯК УЗВИ ДАСТАИ РАҲМОН-ГИТЛЕР ЗАДААСТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 9 октябр бо нашри як баёнияи вижа дар сомонаи расмиаш овозаи шиканҷа шудани узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаро дар зиндони № 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия (маҳбаси нав дар Ваҳдат) “хабарҳои бардурӯғ” ва “иғвои маҳз” номида, гуфт, ин овоза асоси воқеӣ надорад.Дар баёнияи вазорати адлия гуфта мешавад: “Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон — Турсунов Аслиддин Қобилович, ки бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 181 (гаравгонгирӣ) ва 186 (бандитизм) аз озодӣ маҳрум гардидааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.”Вазорат меафзояд, ки маъмурияти зиндон бино бар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ, худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ҳамчун ҷазо ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ андохтааст. Вале, меафзояд вазорат, “муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накард.”Ин дар ҳолест, ки духтари Сайфуллозода қаблан гуфт, аз зиндон ба онҳо занг зада, овардани доруҳои мушаххасро барои табобати ӯ баъди он латтукӯб дархост карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button