Хабарҳои кӯтоҳ
Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҷавоҳирот

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкори ҶДММ бозори «Корвон» муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми марти соли 2021, зани 36-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.