Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ДУ МОШИНИ ҶИПИ “КРУТОЙ” ОТАШ ЗАДААНД

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи вижа хабар дод, ки рӯзҳои 23-26-уми сентябри соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ҳолати аз ҳиссиёти авбошӣ оташ задани воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Тойота Прадо», рақами қайди давлатияш ТJ 7007АВ 04 ва «Тойота Ленд Крузер», рақами қайди давлатияш TJ 0065 AA 04 ба қайд гирифта шудааст.ВКД гуфт, вобаста ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсияти нафарони ҷиноят содиркарда муайян карда шуда, баҳри дастгир ва ба ҷавобарии ҷиноятӣ ҷалб намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.ВКД итминони хотир дод, ки ”ҷинояткорон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.Дар бораи сабабҳои оташ задани ин ду мошини ҷипи гаронбаҳо ба ҷуз ибораи “аз ҳиссиёти авбошӣ” тафсилоти дигар дода нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button