Ҷомеа

Ҳалокати пиёдагарди шахсияташ номаълум дар ҳодисаи нақлиётӣ

29-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 00:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Донфенг», Шарипов Фариддун Абдусамадович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Гулхан ба самти кӯчаи А.Ҷомии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди шахсияташ номаълум, тахминан 30-35 соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button