Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати 5 нафар дар ду садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 05:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шоазизов Шарифбек Киромович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи поён”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пойдевори бетонӣ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дохили автомашина, Ҳайдаров Амирҷон Ҷалолович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Харриер», Сайвалиев Файзалӣ Сайвалиевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Давлатов Баҳромиддин Мамасобирович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Навзамин, Шерхонов Комрон Достиевич, соли таваллудаш 1996, Шарипов Дӯстмурод Тошмаматович, соли таваллудаш 1980, сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва худи ронандаи автомашинаи мазкур Сайвалиев Ф.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button