АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Нишасти кишварҳои туркзабон барои баррасии вазъи Афғонистон

Аввалини нишасти фавқулоддаи вазирони умури хориҷии кишварҳои туркзабон дар мавриди Афғонистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Туркия дар нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои туркзабон изҳор доштааст, ки аз таҳаввулоти Афғонистон бештар кишварҳои туркзабон мавриди таъсир қарор доранд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.Манбаъ аз қавли хабаргузории «Анадолу»-и Туркия аз баргузории нахустин нишасти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон дар мавриди Афғонистон хабар додааст. Ин Шӯро Туркия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад. Маҷористон узви нозири ин созмони байналмилалӣ мебошад.

Мавлуд Човушуғлу дар нишасти шӯро дар Истанбул гуфтааст, таҳаввулоти Афғонистон кишварҳои туркзабонро ҳамчун ҳамсояҳои ин кишвар таҳти таъсир қарор додаст. Ӯ бо ишора ба ҷамъияти туркзабонҳои Афғонистон гуфтааст, ки ба ҳамин далел низ таҳаввулоти ин кишвар мавриди таваҷҷуҳи Туркия қарор гирифтааст.

«Равобити вижае бо Афғонистон дорем, ба ҳамин далел баёнияи ниҳоии Шӯрои турк бояд ҳовии паёми муҳим барои ҷаҳониён бошад», — изҳор дошт Човушуғлу.Дар нишасти Шӯрои турк наҳваи ҳимоят аз рушду субот дар Афғонистон, барқарорсозии кишвар ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шудааст. Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки бояд аз мавҷи муҳоҷират ва решаёбии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.Ҳукумат дар Афғонистонро созмони «Толибон»* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.* — созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button