АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

МУЛЛО БАРОДАР ТОҶИКИСТОНРО БА ДАХОЛАТ ДАР УМУРИ ТОЛИБОН АЙБДОР КАРД ВА АЗ АКСУЛАМАЛ ҲУШДОР ДОД

Муовини раиси ҳукумати ташкилкардаи Толибон ва собиқ раҳбари дафтари сиёсии ин гуруҳи тундрав дар Қатар Мулло Абдулғанӣ Бародар дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Толибон айбдор кард ва аз авоқиби он ҳушдор дод.»Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, вале ҳар амал аксуламале дорад «, — гуфтааст Мулло Бародар. Мулло Бародар ҷузъиёти дигар надодааст, вале ахиран Толибон эълон кард, ки даҳҳо ҳазор аскару афсари нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор ҷобаҷо карда шуданд.Президенти Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Ӯ гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button