ТОҶИКИСТОН

Хадамоти марзбонӣ ҷузъиёти боздошти як қирғизистонӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Масъалаи бозпас додани шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 27 сентябр дар гуфтушуниди ду ҷониб баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Интизор меравад, 27 сентябр намояндагони Хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сари мизи музокирот нишинанд.Дар ин бора Хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон хабар дода, афзуд, масъалаи озодии шаҳрванди 26-солаи Қирғизистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, мавриди баррасии ҳар ду ҷониб қарор мегирад.Ба иттилои ин ниҳод, ин қирғизистонӣ дар ҳоле боздошт шуд, ки ҳамроҳи ҳамсари худ савори нақлиёт дар роҳи Хуҷанд — Конибодом ҳаракат мекард.Гуфта мешавад, аз боздошт шудани ӯ ба марзбонони Қирғизистон ҳамсари ӯ хабар додааст.То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону ҚирғизистонҲукми абади ду тоҷикистонӣ дар Қирғизистон ва талаби Муллоҷонов аз ҳукумат16 сентябри, 18:502121Бояд ёдовар шуд, ки чанде пеш Ҷумҳурии Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард.Додгоҳи ноҳияи Исфанаи вилояти Бодканди Қирғизистон 14 сентябр ду шаҳрванди Тоҷикистон — Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бар асоси моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар ба ҳабси абад маҳкум кард.Қаҳҳоров ва Юнусов ҳар ду сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфта мешаванд.Дар мурофияи додгоҳӣ ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар иртибот ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзии моҳи апрел муҷрим ҳисобиданд. Аммо пайвандони онҳо иштироки аъзои хонаводаашон дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзиро инкор карда, гуфтаанд, додгоҳи Қирғизистон бе далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.Дар ҳамин ҳол сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар сафҳаи фейсбукии худ аз ҳукми абад гирифтани ду тоҷикистонӣ шадидан изҳори нигаронӣ намуд.

«Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкоранду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон амалӣ шуданд»,-навишта буд ӯ.Дар идома ӯ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки барои наҷоти ин ду нафар ба таври ҷиддӣ талош кунанд. Ба боварии ӯ, агар ҳукумат баҳри раҳоии онҳо коре накунад, пас дар оянда дар сурати сар задани ихтилоф бо ҳамсоякишвар бисёриҳо барои ҳифзи марзу бум намехезанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button