АфғонистонСиёсатХабарҳои кӯтоҳ

Сиёсатшинос шарҳ дод, ки чаро «Толибон»* алайҳи Тоҷикистон «силоҳ гирифтаанд»

Коршиноси рус омили асосии сиёсати Тоҷикистонро, ки «Толибон» — ро «шиддат» медиҳад, гуфт

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Профессор, коршиноси масоили сиёсӣ Дмитрий Евстафиев дар суҳбат бо Telegram канали Радиои Sputnik шарҳ дод, ки чаро «Толибон»* Тоҷикистонро ба дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам мекунанд.Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон бо бозигарони умдаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико машваратҳои зиёди сиёсӣ мегузаронад.Маҳз ҳамин омил нишон медиҳад, ки чаро «Толибон»* ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти Душанбе манфиатдоранд.»Ин масъалаи дигар аст, ки Тоҷикистон ба кишваре монанд нест, ки метавонад барои «Толибон»* хатар эҷод кунад. Аммо «Толибон» эҳтимолан таҳдиди ташаннуҷ дар марзро эҷод кунанд», — мегӯяд сиёсатшинос.Иддаои «Толибон»* дар ҳоле садо дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳад кард, вале барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад.Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кардДирӯз, 15:53731248Вай пешниҳод кард, ки «тариқи раъйпурсӣ ва бо назардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар сохтори қудрат муайян карда шавад» ва бори дигар ба ташкили ҳукумати фарогир даъват кард.»Толибон»* бошанд, ахиран хабар дода буданд, ки ҳазорон ҷангиёни нерӯҳои вижа ба вилояти Тахори Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, фиристодаанд.* — Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button