МУҲОҶИРОН

МАРДИ ТОҶИК БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ДУХТУР УЗР НАПУРСИД. Ӯ МЕГӮЯД, ДУХТУР БА ЗАНАШ ГАП ПАРТОФТААСТ

Баҳриддин А., як марди 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ба латтукӯби як духтури пӯст дар шаҳри Нижневартовск айбдор мешавад, аз узр хостан барои ин амалаш саркашӣ кард ва ба навбати худ табибро айбдор кард, ки ба ҳамсари ӯ гӯё гап партофтааст. Баҳриддинро, ки дар ширкати «РН-Сервис» («Роснефть») кор мекунад, боздошт карда, ба зиддаш бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба вай аз ҷарима ба маблағи дастикам 300 ҳазор рубл то ҳукми зиндон таҳдид мекунад.Рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш даромадааст. Ӯ барои диспансеризатсия бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст. Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтар Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, «тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо баҳонаи бофати гӯё таарруз ба дахлнопазрии шамсараш аз тарафи корманди тиб, ба рӯи духтури пӯсте, ки занро муоина карда буд, на камтар аз ду зарба задааст.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button