ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

РАҲИМИ ҒАРМӢ БА НУРУЛЛО АЛИЕВ ҲАМ МОШИН ТУҲФА КАРДААСТ

Размандаи шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки баъди бозгашташ ба Ватан дар пайи пирӯзӣ дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship) ӯро дар Тоҷикистон фавҷи мухлисон бо тантана, бо карнаю сӯрнай пешвоз гирифтаанд ва аз номи соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба ӯ як мошини “Мерседес” туҳфа кардаанд.Дар видео дида мешавад, ки як нафар аз номи Раҳими Ғармӣ ба Нурулло Алиев калиди мошинро месупорад ва мегӯяд, ин туҳфа ба хотири он аст, ки варзишгарони тоҷик барои ғалабаҳои навбанав руҳбаланд, ё ба гуфтаи ӯ, мотиватсия шаванд. Нурулло Алиев вақте туҳфаро мегирифт, ба Раҳими Ғармӣ барои чунин мотиватсия изҳори сипос кард ва гуфт, хеле дар ҳолати ҳаяҷон қарор дорад.Ёдовар мешавем, Раҳими Ғармӣ ба размандаи дигари тоҷик Самандар Муродов низ баъди бозгашташ ба Душанбе мошини “Мерседес” туҳфа кард.Самандар Муродов ва Нурулло Алиев рӯзи 17 сентябр дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button