Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд

Рустами Эмомалиро дар ин сафар Илёс Идрисзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи намуданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд.Бар хабари дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон субҳи рӯзи 23 сентябр саурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.Ҷузъиёти ин сафар то ҳол ироа нашудааст ва ҳамзамон маълум нест, ки Рустами Эмомалӣ бо чӣ ҳадаф ба Қазоқистон сафар карду бо киҳо дар он кишвар дидору мулоқот мекунад.Маврид ба зикр аст, ки ин саввумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ аз замони такя задан ба курсии мири шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Қаблан ӯ ба Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда буд.