Илму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳ

ПМТ чеҳраи дигари ТЭТ ҲНИ аст

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви Паймони Миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Яъқубов дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 16.10.2019 доир ба қарори Суди Олии Тоҷикистон аз таърихи 14.10.2019 дар бораи эътилофи экстремистиву террористӣ эълом шудани ПМТ изҳори назар кардааст. Дар маҷмӯъ вай ба шеваи кори “раҳбари маънавӣ”-ашон, яъне Кабирӣ хостааст, ки бо таҳрифи воқеият ҳангомасозӣ карда, фазои ақидатие созад, ки мардум ғайримунсифонаву гайримуҷоз будани экстремистиву террористӣ эълом шудани ПМТ-ро аз тарафи Ҳукумати бовар кунанд. Ба андешаи Илҳомҷон Яъқубови хаёлпараст Ҳукумати кишвар ин корро барои он анҷом дода будааст, ки гӯё дар нишасти охири САҲА “қудрату неруи ПМТ-ро бо чашм дид ва бо ақл шинохт” ва аз ин рӯ, аз ин қудрат сахт ҳарос афтодааст. Гӯё ПМТ дар байни ҷомеаи тоҷик тарафдорони хеле зиёд доштаасту метавонистааст дар мавриди баргузории интихоботи қарибулвуқуъи кишвар дар баробари ҳайати Ҳукумати феълӣ мушкилоти ҷиддӣ дар ростои ба даст овардани қудрат ба вуҷуд оварад. Ҳамчунин ба қавли И.Яъқубов гӯё ПМТ захираи кадрии қудратманд ва хеле зиёдеро дар ихтиёр доштааст, ки дар такя ба он метавонистааст муваффақона дар интихобот алайҳи ҳайати Ҳукумати кишвари мо рақобат кунад. Дар асл гирем ПМТ, ки як ниҳоди худхондаву сунъӣ ва бидуни пуштвонаи иҷтимоӣ буда, фақат ба таври маҷозӣ вуҷуд дорад, ба василаи ин ҳангомасозӣ мехоҳад сояи худро дар девори сиёсат бузург ҷилва диҳад.Бояд гуфт, ки ПМТ аслан чеҳраи дигаршудаи ИНОТ аст. Агар боз ҳам дақиқтар ва воқеъбинонатар бигӯем, ПМТ ҳамон ТЭТ ҲНИ аст. Барои дурусттар дарк кардани ин масъала муруре мекунем ба қазияи таъсиси ин ниҳоди дурӯғин, ки соли гузашта маҳз бо талошҳои М.Кабирӣ ба вуҷуд оварда шуд. Кабирӣ ва дигар раҳбарони ТЭТ ҲНИ тибқи барномарезии хоҷагонашон дар соли 2018 ҳатман эътилоферо ба ҳайси эътилофи нерӯҳои оппозитсионии тоҷик бояд ташкил медоданд, аммо вазъият барои иҷрои ин кор ба онҳо мушкил буд, зеро созмонҳои мухолифе чун “Анҷумани нирӯҳои созанда”-и Додоҷони Атовуллоҳ , «Гурӯҳи 24” ва “Ватандор”, ки қаблан бо ТЭТ ҲНИ дар зери чатри Иттиҳоди мухолифин даромада буданду баъдан дар заминаи дасисабозиҳову худхоҳиҳо ва фиребкориҳои роҳбарияти ин ҳизби террористӣ аз он ҷудо шуда буданд, дигар намехостанд дар якҷоягӣ бо ТЭТ ҲНИ ниҳоди оппозитсионии муштараке бо номи ПМТ таъсис диҳанд. Аз ин рӯ, Кабирӣ ва дигар раҳбарони ТЭТ ҲНИ барои он ки аз ин вазъияти нохушоянд аққалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёбанд ва дар назди хоҷагони хориҷии худ зарфияти хешро ҳанӯз масрафношуда нишон диҳанд, чорае ҷуз ин надоштанд, ки созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” таъсис диҳанд. Ин созмонҳо маҳз ба хотири таъсис додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТЭТ ҲНИ каноргирифтае чун “Анҷумани нирӯҳои созанда”-и Додоҷони Атовуллоҳ , «Гурӯҳи 24” ва “Ватандор” аз тарафи раҳбарони наҳзатӣ таъсис дода шуда буданд.Дар асл ҳеҷ кадоме аз ин созмонҳо дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътироф нашудаанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин аксарияти мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттилооте надоранд. Ин созмонҳои тақаллубӣ ва эътилофи дурӯғини онҳо таҳти унвони ПМТ чизе ҷуз чеҳраи зоҳиран тағйирдодашудаи ҳизби террористии наҳзат нест, аз ин рӯ, экстремистиву террористӣ эълом шудани он бо қарори Прокуратураи Олии Тоҷикистон аз таърихи 14.10.2019 як амали мантиқӣ ва мунсифонае буд, ки ногузир бояд анҷом дода мешуд. Хусрави Шерзод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button