СиёсатТаърихТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ПМТ амну осоиши Тоҷикистонро дидан намехоҳад

.Душманону нотавонбинони миллатӣ мо дар зери нотаи нотавонӣ, фитнаангезӣ, бӯҳтон ва дӯруғафкани бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, ба шуури созандаи мардум хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеъи Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мехоҳанд доғ ворид кунанд, ва бехабар аз оннанд, ки тирашон кайҳо хок хурдааст.Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеъи бешарафиашон истифода мебаранд. Мо ҷавонони зодаи давраи Истиқлолият дар фазои амну осоиш кору фаъолият намуда ба ном андеша, афкор, нопоки ақида, хулоса, таҳлил, изҳотор ин ташкилоти террористи ва экстремисти собиқ Ҳизби наҳзати исломро, ки имрӯз бо номи “ Паймони милли” ва андешаҳои муғризонаи роҳбари ташкилоти террористи экстремисти Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳама думравонаш дар қолабҳои таҳлилшудаи гуногун бояд ҷиддан огоҳ бошанд, ки дар шабакаҳои иҷтимои паҳн шудааанд.Чунин иғво барангезиро шадидан маҳкум мекунем. Ва намегузорем, ки як хоини миллат аз хориҷи кишвар истода бо ҳаммаслакони худ халқи моро бо ҳар дасисаандозиҳои беасос ба худ ҷалб намояд. Бо иттиҳомоти бар дурӯғ бадном намудани пояҳои давлатдории миллӣ, тавассути имкониятҳои хоҷагони хориҷӣ худ мехоҳанд ба мақсади нопоки худ бирасанд.Мо дар арафаи интихоботи президенти қарор дорем, ва дар қатори номзадҳои пешниҳод гардида ман ҳамҷун як шаҳрванди комил ҳуқуқи кишвар дар тинтихобот ширкат варзида нафари арзандаеро, ки барои пешрафту шукуфои ватани азизамон хизматҳои шоиста намудааст ва халқи тоҷикро имрӯз ба ҷаҳониён муаррифи намудааст, ва халқи худро дӯст медорад, ин сиёсатмадори варзидаи кишвар, ки дар сатҳи байналмилли мақому манзалати худро пайдо намудааст. Президенти амалкунандаи кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмонро дасгири намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон овози худро дареғ надорем.Мо ҷавононро зарур аст, ки зираки сиёсиро аз даст надода ҳамеша дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллатро сармашқи кории худ намуда, даст дасти ҳамдигар шуда нагузорем, ки чунин хоинони миллат мардуми моро ба гумроҳи андозанд ва ин “хоинони миллат” бояд донанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат мебошад.Рустами Суҳроб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button