Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

АБДУВАЛӢ, НАБЕРАИ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Як набераи духтарии рӯҳонии машҳури асри 20 Мавлавии Ҳиндустонӣ рӯзи 17 сентябр дар манзилаш дар маҳаллаи Бедил (cобиқ “Шёлккомбинат”), дар наздикии пули фурудгоҳи Душанбе вафот кардааст. Эшони Абдувалӣ дар хонае, ки аз Мавлавии Ҳиндустонӣ мерос монда буд, зиндагӣ мекард. Мавлавии Ҳиндустонӣ як духтар дошт. Ӯ аз ин духтараш ба ҷуз аз Абдувалӣ набераи дигаре бо номи Бахтиёр дорад. Абдувалӣ ва Бахтиёр бо вуҷуди аз табори чунин рӯҳонии пурнуфуз буданашон худ рӯҳонӣ нашуданд. “Қории мураттаби Қуръон буданд, албатта, вале аз аҳли авом дониста мешуданд, на аз уламо. Бо ин вуҷуд, ба сабаби обрӯе, ки бобои онҳо дар муҳити динии Тоҷикистон дошт, набераҳои Мавлавии Ҳиндустонӣ низ аз обрӯву нуфузи зиёде дар байни мардум, бахусус миёни уламое, ки парвардаҳои мактаби бобояшон буданд ваё аз кӣ будани Мавлавӣ хабар доштанд, бархӯрдор буданд”, — нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдоди”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button