Илму фанноварӣМУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Иғвоангезии “Бомдод.ком” ба мардум таъсир намекунад

Иғвоангезии “Бомдод.ком” ба мардум таъсир намекунадҲамаи сомонаҳои наҳзатиёни террорист ва дигар сомонаҳои ифротие, ки бо ин ташкилоти террористӣ робитаи ҳамкориро ба роҳ мондаанд ва бо мақсади гумроҳ намудани мардум ҳар гуна матолибу иттилооти иғвогароёнаю муғризонаро расонаӣ мекунанд, душманони миллатанд. Яке аз чунин сомонаҳои ифротӣ, ки бо саркардаи наҳзатиҳои террорист фаъолияти ҳамкории хоинонаи худро ба роҳ мондааст, “Бомдод.ком” мебошад, ки қаблан зери унвони “Ахбор ком” чунин амалҳои пасту разилонаро анҷом медод. Журналисти худбохта Мирзои Салимпул, ки сардабири ин сомонаи ифротист, гумон дошт, ки бо иваз кардани номи он мардумро гумроҳ мекунад ва ба фаъолияти муғризонааш идома медиҳад. Вай мисли мор пӯсташро иваз кард, вале натавонист табиати дарандахӯияшро тағйир диҳад. Мирзои Салимпул бо расонаӣ кардани матлабҳои бардурӯғ ва туҳмату буҳтонаш мехоҳад, ки ҳисси нафрату бадбинии мардумро нисбат ба ҳукумат афзоиш диҳад ва он вазифа ё супорише, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш гирифтааст, дар барҳам задани фазои амну ороми кишвар, тавассути мардуми ба шӯромада роҳандозӣ карданӣ мешавад.Дар сомонаи “Бомдод ком” имрӯз ягон матлабу хабареро ёфта намешавад, ки нисбати Тоҷикистон мусбӣ бошад ё аз рӯйдодҳои нек иттилоъ диҳад. Салимпур тамоми рӯйдодҳои кишварро аз ҷиҳати манфӣ ва бо тарзи душманона инъикос мекунад. Тавре матолибу хабарҳоро дар сомонааш паҳн мекунад, ки дар ҷомеа нооромию таҳлука ба вуҷуд ояд. Вай ҳануз аз аввали фаъолияташ ҳамеша мавқеи зиддимардумӣ дошт ва дар хизмати ифротиҳо қарор гирифта буд. Навиштаҳои вай ҳамагӣ туҳмат, буҳтон ва иғвогарианд. Дар матолибаш манфиатҳои террористону ифротиёни наҳзатӣ ҳимоя карда мешавад.Хушбахтона, мардум дигар ба иғвову дасисаи хоинони миллат аҳамият намедиҳанд ва дар он сатҳ ҳам нестанд, ки душманони миллат ба осонӣ онҳоро фиреб диҳанд. Чунки миллати тоҷик боре оқибати чунин иғвогариву дасисабозии Мирзои Салимпулро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронид ва таҷрибаи кофӣ ба даст овард. Саиди Салим,муҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button