АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳон барои кумаки фаврӣ ба Панҷшер

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишасти сарони кишварҳои СҲШ -ро ҳамчун раис ифтитоҳ намуда, дар робита ба вазъи Афғонистон изҳорот дод

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар нишасти СҲШ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас барои рафъи таҳдидҳо аз Афғонистон хабар дод.»Тоҷикистон ба мавқеи худ пойбанд аст ва даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъсис дода шавад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе назардошти андешаи мардум метавонад боиси пайомадҳои пешгӯинашаванда гардад. Бинобар ин ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таъйин кунанд», — гуфт Раҳмон Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, вазъи кунунии Афғонистон метавонад ба тамоми Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад.

«Тоҷикистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус аз СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват кардааст, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки тақрибан ду моҳ боз дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумак кунанд», — гуфт президент.Ба гуфтаи президент, гурӯҳи «Толибон» (созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ) роҳи расонидани кумакҳо ва хадамоти тиббиро ба вилоят пурра қатъ кардаанд. Бинобар ин Раҳмон пешниҳод кард, ки фаъолияти Созмони минтақавии зиддитеррористии СҲШ тақвият дода шавад, ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишварҳои узв барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, тақвият дода шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button